07:59 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
936 0 0

Шумораи мубталоёни коронавирус дар ИМА аз 100 ҳазор нафар гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон тақрибан ба 600 ҳазор расид

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. То рӯзи 28 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони коронавируси COVID-19 тақрибан ба 600 ҳазор нафар расида, ҳоло  597 267 касро ташкил медиҳад.

Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дирӯз аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашта, дар ҷои аввал қарор гирифт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 104 205 нафарро ташкил медиҳад.

Италия низ Чинро пас гузошта, ба ҷои дуюм баромад. Дар он то имрӯз 86 498 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати урупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 9 134 нафарро ташкил медиҳад.

Чин аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 81 394 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 65 719, Олмон — 50 871, Фаронса — 32 964, Эрон — 32 332, Бритониёи Кабир — 14 543, Швейтсария — 12,928, Куреи Ҷанубӣ — 9 332, Нидерланд – 8 603,  Австрия – 7 697,  Белгия – 7 284,  Туркия – 5 698 ва Канада – 4 757 ба қайд гирифта шудааст.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (9 134 нафар), Испания (5 138), Чин (3 295), Эрон (2 378), Фаронса  (1 995), ИМА (1 701), Британияи Кабир (759), Недерланд (546), Германия (351) ва Белгия (289) дохил мешаванд.

СҶБ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
Барчаспҳо:
ИМА, вирус, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ