20:35 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (427)
2227 0 0

Навори дуохонии дастаҷамъонаи шаҳрвандони Италия ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, ки барои рафъи даҳшати ба сари онҳо омада, ба даргоҳи Худованд зорӣ менамоянд

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Маргумири шаҳрвандони Италия шабонарӯзи гузашта ба ҳаддӣ рекордӣ расид. Чун давоми як шабонарӯз дар Италия дасти кам 969 дардманди коронавирус ба ҳалокат расиданд.

Зимнан, ҳазорон сокини шаҳри Рими Италия ба хиёбони марказии шаҳр баромада, барои шифоёбӣ аз коронавирус ба даргоҳи Худо дуо мекунанд.

Шаҳрвандони ғамзадаи Италия, бо гиряву нола аз даргоҳи Худованд умеди бахшоиш намуда, барои раҳоӣ аз коронавирус дастаҷамъона дуо мекунанд.

Бино ба маълумоти рӯзҳои охир, Италия аз ҷиҳати ҳалокат аз коронавирус дар ҷойи аввал буда, шумораи қурбониён аз ин беморӣ ба 8 215 ва мубталоён ба 80 539 нафар расидаанд.

То рӯзи 28 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони коронавируси COVID-19 тақрибан ба 600 ҳазор нафар расида, ҳоло  597 267 касро ташкил медиҳад.

Шумораи фавтидагон беш аз 27 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, зиёда аз 133 ҳазор нафар мебошад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (427)
Барчаспҳо:
Италия

Мавзӯъҳои асосӣ