06:34 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1654 0 0

Дар рӯзҳои наздик танҳо бо иҷозатномаи махсус, ки тибқи тартиби муайянкардаи ҳукумати шаҳри Маскав дода мешавад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия гаштан иҷозат аст

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав барои пешгирӣ аз коронавирус дар пойтахт режими шадидтар ҷорӣ кард.

Дар рӯзҳои наздик танҳо бо иҷозатномаи махсус, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Маскав дода мешавад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия гаштан иҷозат аст.

“Режими шадид барои дар хона нишастан ба ҳама дахл дорад. Гаштан дар кӯчаҳои Маскав танҳо бо иҷозатномаи махсус, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ дода мешавад, иҷозат аст”, - таъкид доштааст мақомоти шаҳри Маскав.

Маҳдудиятҳо новобаста аз сину сол дар ҳудуди шаҳри Маскав аз 30 март ҷорӣ карда мешавад.

Тибқи қарори Собянин берун омадан аз хона барои он нафароне иҷозат аст, ки мехоҳанд ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд ё иҷозат барои рафтан ба кор доранд.  

Инчунин, ба сокинони шаҳри Маскав барои рафтан ба дорухонаҳо ва мағозаҳои хурока, ки наздики хонаашон қарор доранд,  иҷозат дода шудааст.  Сайругашт бо сагҳо хонагӣ га дуртар аз 100 метр аз ҷои истиқомат иҷозат нест.

Ҳамчунин, сокинон метавонанд барои партофтани партов ба берун бароянд.

Собянин ба ҳамаи ташкилоту корхонаҳо дастур додааст, ки барои каноргирии 1,5 метраи ҳар як шахс шароит муҳаё намоянд.

Ҳамзамон, бино бар паҳншавии коронавирус ба бекорон ҷубронпулӣ дода мешавад. Аз 1 апрели соли равон ин маблағ 19,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 1,5 ҳазор нафар мубтало ба коронавирус шудааст.

Пандемияи коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То рӯзи 29 март дар 199 кишвари ҷаҳон 663,8 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 30,8 нафар қурбони ин вирус шуд.

Ва хушбахтона беш аз 142,3 ҳазор кас аз он шифо ёфт.

Барчаспҳо:
махсус, иҷозат, кӯчаҳо, иҷозатнома, пешгирӣ, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ