Русия пешқадам: шумори мубталоён ба COVID-19 дар ИДМ ба 3,4 ҳазор нафар расид

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкСотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото
Сотрудница поликлиники измеряет температуру посетительницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шумораи шахсони гирифторон ба коронавирус дар Русия ба 1534 нафар расид. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар зиёд шуда, мутаносибан ба 64 ва 8 нафар расид

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки бино бар оморҳои ахири  Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 475 нафар, дар Арманистон ба 424,  Қазоқистон ба 284,  Молдова ба 263, Озарбойҷон ба 209, Ӯзбекистон ба 144 ва  Қирғизистон ба 84 нафар расид.

Перекрытие дороги в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маскав пурра ба қарантина рафт: Собянин барои пешгирӣ аз коронавирус қарори нав содир кард

Дар ҳамин ҳол, дар Беларус шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, 94 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар бархе аз кишварҳои ИДМ шумори нафарони шифоёфта низ рӯз аз рӯз дар ҳоли рушд аст.

“Масалан, то имрӯз дар Русия 64 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Қазоқистон — 20, Озарбойҷон — 15, Ӯзбекистон – 7, Украина — 6 ва Молдова — 2 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд”, - таъкид шудааст дар гузориши СҶБ.

Илова бар ин, дар Русия 8 ҳолати фавт бар асари коронавирус, Украина – 10, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2, Ӯзбекистон — 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Ҳамзамон қайд шудааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Пробирка с тестом на коронавирус в руках  - Sputnik Тоҷикистон
Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард

Ҳамин тавр СҶБ қайд кардааст, ки дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон Афғонистони шумори мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 120 нафарро ташкил дода,  то имрӯз танҳо ду нафари онҳо шифо ёфта ба хонаҳои худ ҷавоб ҳуданд. Аммо манбаъ бо таасуф зикр кардааст дар ин кишвар ба сабаби ин вирус то имрӯз чаҳор нафар ҷони худро аз даст додааст.

Мувофиқи маълумоти нави СҶБ, дар ҷаҳон беш аз 722 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 33 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 151 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 26 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Бояд қайд кард, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0