Дар Эрон аз коронавирус 14 ҳазор нафар шифо ёфт

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehСитуация с коронавирусом в Иране
Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки то кунун 13 ҳазор ва 911 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурахас шудаанд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоъ расонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи душанбе дар гуфту гу бо хабарнигорон гуфт шумори умумии мубталоён ба коронавирус ба 41 ҳазор ва 495 нафар расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Ситуация с коронавирусом в Иране - Sputnik Тоҷикистон
Эрон мувафақ шуд: донишманди эронӣ давои коронавирусро пайдо кард

Вай афзуд, ки мутаасифона дар як рӯзи гузашта 117 нафар аз беморони мубтало ба коронавирус дар Эрон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи қурбониёни ин беморӣ дар кишвар ба 2757 нафар расид. 

Сабти беш аз 3000 мавриди ҷадиди сироятёбӣ дар Эрон

Ҳамзамон Ҷаҳонпур афзӯд, ки то кунун беш аз 63 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии муқобила бо коронавирус дар Эрон ғалборгари шудаанд.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кумаки нерӯҳои мусалаҳ фароянди ташхиси зудҳангом радёбии афрод дар тамос бо мубталоён ҷудосозии беморон карантина ва дармони афроди мубтало ба коронавирус бо ҳамроҳи ҳамаи ақшори мардуми Эрон ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Лентаи хабарҳо
0