Гардиши нав: Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Тонӣ Фергюсон рақобат намекунад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкХабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабқати UFC доир мешавад, вале варзишкори амрикоӣ Тонӣ Фергюсон на бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов, балки бо дигар кас ба октагон мебарояд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Қаҳрамони UFC размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар сабқати навбатии UFC 249 ширкат намекунад.

Дар ин бора, презединти UFC Дана Уайт дар саҳифааш дар Twitter изҳор доштааст.

"Сабқат доир мешавад, вале бе Ҳабиб Нурмуҳаммадов. Ман фардо исми варзишкоронро эълом мекунам", - навиштааст ӯ.

Ёдрас мешавем, ки Ҳабиб рӯзи 3 апрел гуфт бо Тонӣ Фергюсон ба шарте ба майдон мебарояд, ки аз Русия парвоз карда тавонад.

Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Рақобати Нурмуҳаммадов ва Фергюсонро дар Минск баргузор карданиянд

Ёдовар мешавем, ки рақобати миёни Тонӣ ва Ҳабиб ҳамакнун бори панҷум аст, ки лағв мешавад.

Рақобати Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Тонӣ Фергюсон бояд 18 апрел дар доираи UFC 249 дар Бруклин баргузор мешуд. Вале дар паи хуруҷуи коронавирус дар шаҳри Ню-Йорк баргузории ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ манъ карда шуданд.

Дар ин росто Ҳабиб ҳамроҳи тимаш Амрикоро тарк кард, чун тамрингоҳе, ки варзишкор дар он машқ мекард, баста шуд.

Дар баробари ин Ҳабиб гуфт, намедонад рақобат дар куҷо баргузор мешавад.

Вале, Дана Уайт гуфта буд, ба ҳамаи саргардониҳо нигоҳ накарда, сабқат баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0