14:15 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
617 0 0

Фаронса баъд аз Испанияву Италия ва Олмон чорумин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт.

ДУШАНБЕ, 6-апр Sputnik. Дар Фаронса шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 92 ҳазору 839 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 16 ҳазору 183 нафар ва 8 ҳазору 78 касро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, Фаронса баъд аз Испанияву Италия ва Олмон чорумин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт.

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,2 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 262 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 69 ҳазор тан гардид.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 336 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Испания дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 131 646 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 128 ҳазору 948 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 15 887 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Олмон — 100 123, Франсия — 92 839, Чин — 81 708, Эрон — 58 226, Британияи Кабир — 47 806, Туркия – 27 069, Швейтсария — 21 100, Белгия – 19 691, Нидерланд – 17 851, Канада – 15 512, Австрия – 12 051 ва Бразилия — 11 281 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 77 078 нафар, Испания – 38 080, Олмон – 28 700, Италия – 21 815, Эрон – 19 736, Фаронса – 17 977, ИМА – 16 183, Кореяи Ҷанубӣ – 6 598, Швейтсария – 6 415 ва Белгия – 3 751 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (15 887 нафар), Испания (12 641), ИМА (9 618), Фаронса (8 078), Британияи Кабир (4 934), Чин (3 603), Эрон (3 331), Нидерланд (1 766), Германия (1 584) ва Белгия (1 447) дохил мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ