"Моро баргардонед”: муроҷиати дармондагони тоҷик дар Истамбул ба президенти Тоҷикистон

© REUTERS \ UMIT BEKTASПассажиры в защитных масках в аэропорту Стамбула
Пассажиры в защитных масках в аэропорту Стамбула - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Ҳудуди 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия банд мондаанд, зимни як нома аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори расидагӣ ба мушкилашон шудаанд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар ин нома, ки аз сӯи яке аз онҳо дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, онҳо хостори интиқоли ҳар чи сареъи худ ба ватан шудаанд. Онҳо гуфтаанд, як моҳ ба ин сӯ ба мақомоти зидахл муроҷиат мекунанд, аммо ба натиҷае намерасанд.

“Мо зиёда аз 100 нафар дар Истамбул бо сабаби қатъ кардани тамоми парвозҳои байналмиллалӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон аз санаи 20 марти 2020 ба ин сӯ дар ин шаҳри Туркия қарор дорем. 21 март хатсайри “Сомон Эйр” мусофирони хешро, ки пештар чипта харида буданд, тариқи парвози чартерӣ ба Ватан интиқол дод, аммо мо, шахсоне, ки чиптаҳои хатсайри Turkish Airlines дорем, то ҳанӯз дар ин ҷо банд мондаем”, - омадааст дар нома.
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати “Сомон эйр” ба мусофирон: аз интернет чипта нахаред, онҳо қалбакиянд

Turkish Airlines, ширкати ҳавонавардии туркӣ, ҳанӯз 14 март эълом дошта буд, ки то охири моҳ парвозҳояшро дар масири “Душанбе – Истамбул” аз се ба як парвоз дар ҳафта коҳиш хоҳад дод, аммо 18 март Тоҷикистон ба далели шиддат гирифтани шуюъи “вируси тоҷдор” дар ҷаҳон дарвозаҳои ҳавоиашро ба рӯи ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Turkish Airlines батамом баст.

Қаблан онҳое, ки дар Истамбул дармондаанд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки аксари дармондагон донишҷӯён, занону мӯйсафедоне, ки барои табобат ба Туркия омада буданд, тоҷирон ва сайёҳон мебошанд. Дар миёни онҳо ҳудуди 15 нафар занонанд.

"Асирони корона": шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия чӣ ҳол доранд?

Тибқи иттилооти ахир, ки аз вазъи шуюъи “вируси тоҷдор” дар саросари ҷаҳон ривоят мекунад, Туркия дар даҳгонаи кишварҳои сироятёфта қарор дорад ва дар қаламрави он 34 ҳазору 109 гирифтор (3 ҳазору 892 мавриди ҷадид), 725 фавт (76 мавриди ҷадид) сабт шудаанд.

Дар номаи бандмондагон ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки вазъи саломатии аҳли гурӯҳ аз сабаби риояи карантин хуб буда, илтимос ва хоҳиш мекунанд, ки ҳарчи зудтар онҳоро ба ватан баргардонад.

Лентаи хабарҳо
0