Гумонбар ба куштори полковники тоҷик муовини фармондеҳи пулиси Кобул таъин шуд

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабари тақаррури як нафар, ки бино ба манобеъи амниятии дигар дар ин кишвар, ба куштори полковники нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон муттаҳам мешавад, таъйид кард

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ториқ Ориён, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ Баён, собиқ муовини фармондеҳи амнияти вилояти Бадахшон, сарпарасти муовини фармондеҳи амнияи Кобул, пойтахти он кишвар таъйин шудааст.

“Ин фард тоза муаррифӣ шудааст ва ҳанӯз маълумоти кофӣ дар бораи ӯ дар дастраси мо нест” – гуфт Ториқ Ориён.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон
Гумонбар дар куштори сокини 27 - солаи Душанбе боздошт шуд - акс

Дар ҳамин ҳол, як фарди чандон ношинохта нест ва фақат як ҷустуҷӯ дар шабакаи интернет иттилои густардаеро, минҷумла аз манобеъи мувассақ ва расонаҳои мӯътабар ба даст медиҳад. Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ Баён яке аз фармондеҳони ҷиҳодии мансуб ба ҳизби Ҷамъияти исломӣ, танзими умдатан тоҷикии муҷоҳидини Афғонистон, зодаи вулусволии Шаҳри Бузурги вилояти Тахор аст.

Толибон дар Афғонистон нерумандтар мешаванд: оё онҳо ба Тоҷикистон мераванд

Ӯ дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай фармондеҳи пулис ва баъдҳо вулусволи Шаҳри Бузург будааст. Баъдтар дар Раёсати шиносномадиҳии вазорати корҳои дохилии Афғонистон кор кард ва дар пайи шикояти мардум соли 2012 боздошт шуд.

Соли 2016 муовини фармондеҳи амнияти Бадахшон таъин гардид ва соли 2018 дигарбора боздошт, аммо ба зудӣ раҳо шуд. Дар интихоботи парлумонии соли 2018 ӯ мехост номзади Вулуси Ҷирга (палатаи поёнии парлумони Афғонистон) шавад, аммо Комиссияи баррасии шикоятҳои интихоботӣ номзадии ӯро ҳазф намуд.

Дар интихоботи президентии соли 2019 дар Афғонистон ба тими Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай пайваст. Тақарруриву боздоштҳои мукаррари Муҳаммад Набӣ Баёнро як манбаъи амниятӣ дар вилояти Тахори Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дода, гуфт, мавсуф дар ҷиноятҳои мухталиф, назири қочоқи созмонёфтаи маводи мухаддир, таҷовузи ҷинсӣ, куштори афроди мулкӣ, ғасби моликияти мардуму давлат муттаҳам мешавад.

“Ӯ як гурӯҳи қочоқбаронро раҳбарӣ мекунад, ки шуруъ аз солҳои 1990 борҳо ба хоки Тоҷикистон таҷовуз карда, ба куштору гаравгонгирии шаҳрвандони он кишвар машғул буд. Соли 2017 афроди ӯ як сарҳанги марзбонии Тоҷикистонро ба қатл расониданд ва ҳукумати Тоҷикистон зимни як номаи расмӣ аз Афғонистон боздошти ӯро тақозо кард. Дар пайи ин дар соли 2018 ӯ бо дастури раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ боздошт, аммо дере нагузашта раҳо шуд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Дети сидят на солнце в своем доме в Кабуле, Афганистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
СММ: Афғонистон – маргбортарин кишвар барои кӯдакон дар ҷаҳон аст

Сухан дар бораи ҳамлаи як гурӯҳи 12 – нафараи қочоқбарон аз Афғонистон ба отряди сарҳадии "Шӯрообод" дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин меравад, ки 2 декабри соли 2017 иттифоқ афтода буд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар пайи ин ҳамла сардори отряд полковник Хайриддин Аҳтамов кушта, чаҳор марзбони дигар захмӣ шуданд.

Бино ба ин манбаъ, се қочоқбари ҳамлавар низ кушта шуда, бақия чор автомати “Калашников” ва беш аз 33 кило маводи мухаддирро дар майдони ҷанг раҳо ва ба Афғонистон фирор мекунанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон фардои он рӯз, 3 декабр, тариқи сафорати Афғонистон дар Душанбе як ёддошти расмӣ ё нота фиристода, хостори таҳқиқи ҷиддии ҳамла ва омилони он шуд.

Аммо ба назар мерасад, ин тақозо Тоҷикистон аз сӯи Афғонистон нодида гирифта шуд ва тавре дида мешавад, Муҳаммад Набӣ Баён ҳарчанд як маротиба боздошт шуд, ба зудӣ раҳо гардид ва боз сари кор қарор гирифт.

Сулҳ ба Афғонистон меояд? хуруҷи низомиёни Амрико аз хоки ин кишвар - видео

Талошҳои мо барои ба даст овардани шарҳи мақомоти Тоҷикистон ва ҳамчунин худи Муҳаммад Набӣ Баён натиҷае надоданд.

Лентаи хабарҳо
0