21:31 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
211720

Духтурон ба марди тоҷик қатъиян таъкид кардаанд, ки дар хона монад. Аммо ӯ карантинро риоя накарда, атрофиёнро дар хатар гузоштааст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Дар Маскав ронандае боздошт шуд, ки мубталои коронавирус гаштанашро дидаву дониста, дар шаҳр мошинронӣ мекард, хабар медиҳад телевизиони "360" дар истинод ба манобеи худ.

Тавре аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав гуфтаанд, мард шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар вилояти Тула худро сабти ном кардаву дар Маскав истиқомат мекардааст.

Расона ному насаби ин шаҳрванди Тоҷикистонро ифшо накардаст, аммо менависад, ки ӯ 35-сола ва дар "Яндекс.Такси" кор мекард.

Гуфта мешавад, кормандони полис ӯро дар назди бинои истиқоматиаш боздошт кардаанд ва ӯ иқрор шудааст, ки гирифтори коронавирус аст.

Ба гуфтаи худаш, пизишкон аз мард қатъиян талаб карданд, ки то пурра сиҳат шуданаш дар хона монад, аммо ӯ ин талаботро риоя накардаст.

Мард гуфтааст, ки танҳо барои эҳтиёҷоташ ба берун мебаромад ва корашро дар таксӣ муваққатан қатъ карда буд.

Кормандони пулис нисбати  ӯ парвандаи маъмурӣ тартиб дода, мардро ба маркази назоратии "Царицыно" интиқол доданд.

Мавзӯъҳои асосӣ