20:57 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
597 0 0

Мақомоти Амороти Муттаҳидаи Араб эълом доштааст, ки ба хотири ҳифзи саломатии сокинон ва мубориза бо коронавирус сабти асноди марбут ба талоқ ва издивоҷ мамнӯъ аст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik.  Додгоҳи хонавода дар Дубай, дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб эълом кард, ки сабти асноди марбут ба талоқ ва издивоҷ дар ин аморат бо ҳадафи мубориза бо коронавирус ва ҳифзи саломати муроҷиакунандагон ва коркунон то иттилои баъдӣ мамнӯъ аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Холид Алҳавсанӣ, раиси додгоҳи хонавода дар Дубай гуфт, мамнӯияти ин кор боиси таҷаммӯъ накардани афрод дар маросим ва ҷашнҳои марбут ба издивоҷ ва ё талоқ мешавад.

Тибқи эъломи расмии АМА, то кунун 2076 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, ки то кунун 11 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳамагӣ дар ҷаҳон 1 миллиону 431 ҳазору 706 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 82 ҳазору 80 нафар вафот карда, 302 ҳазору 150 кас шифо ёфтаанд ва 47 ҳазору 894 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Амрико(400 412) ҳамчунин Испания (141 942 нафар), Италия (135 586), Франсия (109 069), Германия (107 663), Чин (81 802), Эрон (62 589), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 253) дохил мешаванд.

 

Барчаспҳо:
мамнӯъ, мубориза, издивоҷ, никоҳ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Дубай

Мавзӯъҳои асосӣ