Дар як шабонарӯз дар Эрон 3156 нафар аз коронавирус шифо ёфт

© Sputnik / Anton Bystrov / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кардааст, ки то кунун 35 ҳазору 465 нафар аз касоне, ки дар кишвар коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон имрӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигорон эълон кардааст, ки дар 24 соати гузашта боз, як ҳазору 972 нафари дигар ба коронавирус мубтало шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Пара в защитных пасках на улице в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии пизишкони Эрон: 32 ҳазор 309 нафар аз коронавирус шифо ёфт

Ҷаҳонпур афзуд, дар маҷмӯъ беморони ковид -19 дар Эрон ба 68 ҳазору 192 нафар расид.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки дар 24 соати ахир дар ин кишвар 122 нафар фавтидааст. Шумори умумии қурбониёни коронавирус дар Эрон 4 ҳазору 232 нафар расидааст.

Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афрод дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (қарантина) ва дармони афроди мубтало ба вируси корона бо ҳамроҳии ҳамаи ақшори мардуми Эрон, ба суръат дар ҳоли анҷом аст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш мақомоти Эрон эълон кард, 32 ҳазору 309 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0