Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 11 апреля
День 11 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 11 апрел Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ буда ҳамзамон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон мебошад

Рӯзи 11 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1832 Дар Русия унвони "Шаҳрвандии фахрии Россия" таъсис ёфт.

День 10 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 10 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1919 Ташкилоти ҷаҳонии меҳнат таъсис дода шуд. 

Соли 1927 дар Беларус Конститутсия қабул карда шудааст.

Рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001  дар Душанбе бар асари амали террористӣ муовини аввали вазири корҳои дохилии ҶТ Ҳабиб Сангинов ба ҳалокат расид.

Соли 2011 Тоҷикистон ва САҲА дар бахши рушд ва ислоҳоти милитсияи тоҷик Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак ва Форуми «Имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» муфассал баррасӣ шуд.

Соли 2017  Президенти Тоҷикистон дар бораи таъини писараш Рустами Эмомалӣ ба мансаби раиси шаҳри Душанбе фармон ба имзо расонид.

Соли 2017  дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

© SputnikБоинг 767
Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Боинг 767

Соли 2017 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфт.

Ҷашнҳои рӯзи 11 апрел

  • Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.
  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

Рӯзи 11 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1931 – журналист Гулназар Хушназаров.

Соли 1955 – овозхони эстрада, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Махфират Ҳамроқулова.

Лентаи хабарҳо
0