Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказиро 3,5 ҳазор гуфт

© Sputnik / Артур Лебедев / Гузариш ба медиабонкПожилой мужчина в защитной маске покупает продукты
Пожилой мужчина в защитной маске покупает продукты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт теъдоди мубталоёни маризии коронавирусро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 3549 нафар арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ин созмон мегӯяд, дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  49 803 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Ҳамчунин шумораи шифоёфтагон дар Осиёи Марказӣиро ба 633 нафар ва фавтидагон ба 26 кас арзёбӣ кард.

Девушка в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

СҶБ мегӯяд, то рӯзи 18 апрел дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан бо 1 593, 1450 ва 506 нафар баробар шудааст.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Русия

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Руссия 32 008 ҳолат, Беларус  4 779, Украина 4 662, Молдова  2 264, Озарбойҷон  1340 ва Арманистон  1201 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо дар баробари зиёдшавии шумораи сироятёфтагон ҳамчунин тамоюли шифоёбии онҳо рӯ ба инкишоф аст.

Дар Русия 2 590 нафар, Озарбойҷон  528, Арманистон  402, Қазоқистон  347, Беларус  342, Молдова  276, Украина  246, Ӯзбекистон  156 ва Қирғизистон  130 нафар шифо ёфта, аз бемористон мураххас шуданд.

То имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 906 нафар буда, 99 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0