18:29 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
38901

Мусалмонон акнун имсол дар моҳи шарифи Рамазон наметавонанд дар як рӯз панҷ маротиба намозашонро дар масҷидҳои бузурги Макка ва Мадина гузоранд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Коронавирус дари масҷидҳои Макка ва Мадинаро баст ва имсол дар моҳи Рамазон гузоштани панҷ вақт намоз дар ин ду ибодатхона манъ аст, хабар медиҳад шабакаи Al Arabiya.

"Ифтитоҳи ду зиёратгоҳ ба вақти моҳи шарифи Рамазон ҳамчун як қисми чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризии коронавирус ба таъхир афтодааст", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Саудӣ 20 март масҷидҳоро дар Макка ва Мадина бастанд. Омили баста шудани масоҷид пешгирӣ аз паҳншавии маризии коронавирус мебошад.

Дастури шоҳ: омаду рафти шабона дар сартосари Арабистони Саудӣ манъ шуд

Қаблан ҳукумати Арабистони Саудӣ аз тамоми мусалмонони дунё даъват намуд, ки дар замони ҳассос, ки маризии коронавирус ҷаҳонро ба танг овардааст, аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунанд.

Феълан, лағви маҳдудияти Ҳаҷ барои зоирин то ҳол номаълум боқӣ мемонад ва он аз чигуна сурат гирифтани вазъият дар ҷаҳон вобаста хоҳад буд.

Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
Барчаспҳо:
Иди Рамазон, Макка, Мадина

Мавзӯъҳои асосӣ