22:28 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
575 0 0

Дар Федератсияи Русия беш аз 70 табиб бар асари гирифтор шудан ба маризии сироятии коронавирус ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Қурбони коронавирус шудани беш аз 70 пизишкро Николай Брико эпидемиологи рус таъйид намудаст.

Номбурда дар ин бора зимни як ҷаласаи видеоӣ ибрози назар намуд. 

"Дар кишвари мо, ҳоло дар бисёр минтақаҳо сарчашмаҳои сершумори бемории коронавирус, пеш аз ҳама дар муассисаҳои тиббӣ вуҷуд доранд. Шумораи духтурони бемор меафзояд ва ҳатто духтурони рус дар шабака номи ҳамкасбони худро, ки дар вақти пандемия аз коронавирус фавтиданд, нашр карданд, дар он зиёда аз 70 ном мавҷуд аст" - афзудааст Брико.

Вай инчунин таъкид кард, ки Русия то ҳол ба қуллаи баланди авҷи ин маризӣ нарасидааст, аммо афзоиши сироятҳои нав коҳиш ёфта истодааст.

"Барои муқоиса, дар давраи аввали хуруҷи маризии коронавирус тақрибан 27 дарсади  ҳолатҳои нав ба қайд гирифта шуда буданд, ҳоло 5,9 фисадро ташкил медиҳад. Тамоюли ба эътидол омадани вазъ дар рӯзҳои наздик вуҷуд дорад", - гуфт эпидемиолог.

Иззат Амон ва Каримҷон Ёров ду ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия гирифтори коронавирус шуданд?

Ёдовар мешавем, ки дар Русия феълан 99 399 маризи коронавирус ба қайд гирифта шудаанд. Аз замони бурузи ин маризӣ дасти кам 972 бемор қурбон шуданд. Инчунин табибон беш аз 10 ҳазор беморро шифо бахшида аз бемористонҳо мураххас намуданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (606)
Барчаспҳо:
қурбон, пизишк, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ