15:09 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1160 0 0

Ташхисҳои Михаил Мишустин аз он шоҳидӣ медиҳанд, ки нахуствазири Русия гирифтори коронавирус шудааст

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нахуствазири Русия Михаил Мишустин эълон кард, ки гирифтори Ковид-19 шудааст.

Дар бораи бемориаш нахуствазири Русия шахсан ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҷаласаи фосилавии ҳукумат хабар дод.

Нахуствазири Русия таъкид дошт, ки сироятёфтанаш  ба коронавирусро ташхисҳо тасдиқ намуданд.

“Ҳамин ҳоло маълум шуд, ки ташхисҳои, ки аз ман гирифта буданд натиҷаҳои мусбат доданд. Ман бояд, тибқи талаботи Хадамоти назорати истеъмолӣ (Роспотребнадзор) Русия ба қоидаҳои қарантина риоя карда,  тавсияҳои пизишконро риоя намоям”, - таъкид дошт Мишустин.

Вай таъкид дошт, ки ӯ бояд саломатии ҳамкоронашро аз сирояти коронавирус ҳифз намояд.

Дар ҳамин ҳол, Мишустин гуфт, ки ҳукумати Русия фаъолияти худро идома хоҳад дод ва ӯ Андрей Белоусовро ба вазифаи иҷрокунандаи нахуствазир пешниҳод кард.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳори умедворӣ кард, ки Мишустин ҳарчи зудтар шифо ёбад ва хоҳиш кард аз бемористон нахуствазир ба ӯ занг бизанд.

Барчаспҳо:
Путин, гирифторони беморӣ, гирифторон, вирус, ташхис, нахуствазир, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ