13:39 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
555 0 0

Шабонарӯзи гузашта дар Русия беш аз 10 ҳазор ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Танҳо дар пойтахти Русия шаҳри Маскав дар як шабонарӯз 5948 мавориди нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардидаст.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, шабонарӯзи гузашта дар 85 манотиқи Русия  10,6 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба  қайд гирифта шудаст.

Нахуствазири Русия гирифтори коронавирус шуд

Ба ҳамин минвол, алъон теъдоди умумии дардмандон дар Русия ба 134 ҳазор нафар  баробар шудааст.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки олудашавӣ ба коронавирус аз ҳама беш дар марказ, шаҳри Маскав сабт гардидааст. Зимнан, вилоятҳои Маскав ва шаҳри Санкт - Петербург аз лиҳози мубталошавӣ ба ин марризӣ, дар мақомҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Қурбони коронавирус шудани беш аз 70 пизишк дар Русия

Гузашта аз ин, ситоди фаврӣ фавти 58 маризро муайян намуда, зикр мекунад, ки беш аз 1600 бемор давоми як шабонарӯз аз дармонгоҳҳо ҷавоб дода шуданд.

Дар маҷмӯъ бошад, сар аз хуруҷи ин маризӣ дар Русия 16,6 ҳазор мариз комилан шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас гардиданд.

Барчаспҳо:
афзоиш, маризон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ