Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Парвозҳои махсуси ширкати русӣ аз Тоҷикистон лағв шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" аз Душанбе ба Екатеринбург бояд 4 май парвоз мекард, аммо бо сабабҳои номаълум хатсайр лағв гардид

ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Парвози махсуси ширкати русӣ аз Тоҷикистон ба Русия лағв шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ФАВРӢ! “Сомон Эйр” ба Олмон парвоз кард

Ҳавопаймои "Уральские авиалинии" бояд субҳи 4 май аз Душанбе ба Екатеринбург парвоз мекард.

Аммо имрӯз ширкати русӣ хабар дод, ки парвоз то 5 май мавқуф гашт. Далели ин қазия рӯшан нест.

Ҳамин тавр, парвоз рӯзи сешанбе, соати 16:25 бо вақти маҳаллӣ сурат хоҳад гирифт.

 

"Рӯз ва соати парвози хатсайри №SVR8954 Душанбе – Сургут – Екатеринбург тағйирот ворид гардид.Парвоз 5 май, соати16:25 сурат мегирад", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем,парвозҳои бомаром байни Тоҷикистону Русия бо далели пандемияи коронавирус сар аз моҳи марти соли равон қатъ шуданд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0