08:53 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
196 0 0

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон мегӯяд, табибон тавонистанд ҷони 82 744 мубталои коронавирусро аз марг наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус гуфт, ки давоми як шабонарӯз танҳо 1485 ҳолати ҷадиди мубталошавӣ ба ин маризӣошкор гардидааст.

Ба изҳори вай дар Эрон то ҳол 103 135 нафар ба маризии коронавирус гирифтор шудаанд. Зимнан, дар ин муддат 6486 бемор ба ҳалокат расиданд.

Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 3 миллиону 830 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 265 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди як миллиону 310 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Барчаспҳо:
мураххас мешавад, сиҳатӣ, маризон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ