09:27 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
287 0 0

Идораи муфтиёти Қазоқистон эълом кардааст, ки масҷидҳои ин кишвар, ки бар асари шуйюи коронавирус баста шуда буданд, дар ояндаи наздик боз хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 16 мая — Sputnik. Идораи муфтиёти Қазоқистон имрӯз шанбе эълом кардааст, масҷидҳои ин кишвар нуздаҳум ва бистуми моҳи май бозгушоӣ мешаванд.

Тибқи ин гузориш, дари масҷидҳои Қазоқистон аз соати ҳафти субҳ то соати бисти шаб ба рӯйи мусулмонон боз хоҳад буд ва қарор аст ибодатҳои афрод ба сурати инфиродӣ ва бо риояти фосилагирии иҷтимоӣ анҷом шавад.

Туркманистон дар моҳи Рамазон дари масҷидҳоро ба рӯйи намозгузорон набаст

Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард, то кунун 5689 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд ва 34 нафар ҳам бар асари ин вирус ҷон бохтаанд.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуд. Ин кумак аз 5 ҳазор тонна орд ибора аст.

Сар аз соли 2006 Қазоқистон ба маблағи 38 миллион доллар ба Тоҷикистон кумакҳо ирсол намудааст.

Барчаспҳо:
боз, Шӯрои муфтиёт, вирус, масҷид, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ