21:02 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
308 0 0

Шабонарӯзи гузашта аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав дасти кам 1458 нафар шифоёфтагон аз коронавирус мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Пизишкони шаҳри Маскав шабонарӯзи гузашта боз 1458 шифоёфта аз маризии коронавирусро мураххас намуданд.

Ба иттилои сухангӯи раиси шаҳри Маскав Анастасия Ракова, табибони пойтахти Русия беш аз 27 ҳазор беморро пас аз табобат намудан ба хонаҳои онҳо гусел карданд.

Сафорат: агар нишонаҳои коронавирус мушоҳида шавад, зуд ба ёрии таъҷилӣ занг занед

"Феълан теъдоди шифоёфтагон аз вируси COVID - 19 рӯ ба афзоиш аст. Шабонарӯзи гузашта боз 1458 нафар аз дармонгоҳҳои пойтахт рухсат дода шуданд. Ҷамъан аз ин маризӣ дар Маскав 27 490 бемор пурра шифо ёфтанд", - афзудааст Ракова.

Дар Русия, тибқи маълумоти охирин, 272 ҳазор ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст. Ҳамакнун аз ин беморӣ 63 ҳазор шифо ёфтаву беш аз дуюним ҳазор нафар фавтидаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
афзоиш, маризон, сиҳатӣ, Москва

Мавзӯъҳои асосӣ