18:50 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
605 0 0

Дар қаламрави Русия ҳамакнун теъдоди умумии дардмандони маризии коронавирус ба 281,7 ҳазор нафар баробар шуд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мувофиқи маълумоти Worldometers, ки тозатарин иттилоъ дар мавриди ин маризӣ пахш мекунад, Русия аз рӯи теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ҷойи дуюмро касб намудааст.

Ба иттилои ситоди фаврӣ, шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Русия ар як рӯзи охир дар Русия беш аз 9,7 ҳазор ҳолати нави сироятшавӣ ба  коронавирус ошкор шудааст.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии мубталоёни ин беморӣ дар Русия ба 281 752 нафар расид.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 11 - уми май Русия аз лиҳози теъдоди маризони дар ҷаҳон дар ҷои сеюм буд. Аммо рузи якшанбе Русия аз Испания  пеш гузашт. Дар Испания то ҳол 276,5 ҳазор ҳолати мубталошавӣ ба вируси COVID -19 сабт гардидааст.

Теъдоди  гирифторони коронавирус дар Русия аз 200 ҳазор нафар гузашт

Амрико ҳамоно бо 1,5 миллион гирифторони коронавирус  дар ин рейтинг пешсаф аст.

Зимнан дар даҳгонаи кишварҳо аз рӯи шумораи беморони коронавирус Бритониёи Кабир, Бразилия, Италия, Фаронса, Олмон, Туркия ва Эрон қарор гирифтанд..

Чин, ки манбаи паҳншавии коронавирус дар охири соли 2019 гардид, ба ҷои 13-ум афтод. Дар ин кишвар 82,8 ҳазор ҳодисаи сироятшавӣ ба қайд гирифта шуда буд.

Зикр мегардад, ки дар Русия беш аз 67,3 ҳазор нафар аз коронавирус шифо ёфтанд. Ин беморӣ тақрибан ҷони 2,6 ҳазор беморро рабуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
Барчаспҳо:
маризӣ, гирифторон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ