Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори нигаронкунандаи коронавирус дар Афғонистон: 178 фавт ва беш аз 7 ҳазор дардманд

© Sputnik / Tariq AzimКабул во время карантина
Кабул во время карантина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Афғонистон теъдоди умумии дардмандони маризии коронавирус ба 7 653 нафар расид. Ҳамзамон аз ин маризӣ 178 бемор ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Танҳо давоми як шабонарӯз дар ин кишвар 581 мавориди гирифторшавӣ ба вируси COVID - 19 сабт шудаст, ки ин адад аз замони авҷи коронавирус дар Афғонистон бесобиқа аст, хабар медиҳад Tolo News.

Тест на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Афғонистон гирифтори коронавирус шуд

Манбаъ меафзояд, давоми як шабонарӯз дар Афғонистон 5 мариз ҷон аз даст доданд. Теъдоди умумии дардмандон бошад ба 7 653 нафар баробар шудаст.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Гузашта аз ин, бо сабти 5 фавти ахир шумораи қурбониён ба 178 нафар расид. Дар баробари ин сафи шиффоёфтагон аз маризии коронавирус низ кам набуда ҳудуди 850 нафар комилан шифо ёфта аз дармонгоҳҳо мураххас шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ибтидои хуруҷи маризии сироятии коронавирус ҳанӯз мози декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин шурӯъ шуд.

Қабл аз Афғонистон ин маризӣ ба Эрон роҳ ёфт ва мардуми афғон вирусро аз Эрон ба ватани худ интиқол доданд.

Лентаи хабарҳо
0