15:11 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)
96 0 0

Тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия мулоқоти видеоӣ анҷом доданд, гузориш медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, 21 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ширкат варзид.

Мулоқот дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардидааст.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

"Намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи хос ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ равона гардид",- менависад вазорат.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

Тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намудаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (440)

Мавзӯъҳои асосӣ