22:12 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
116 0 0

Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (614)
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ

Мавзӯъҳои асосӣ