Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Омори ҷадид: теъдоди дардмандони коронавирус дар ҷаҳон марзи 5 миллион нафарро убур кард

CC0 / Pixabay / Пробирка с тестом на коронавирус в руках
Пробирка с тестом на коронавирус в руках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоди умумии дардмандони маризии коронавирусро ба 5 миллиону 905 ҳазору 415 нафар арзёбӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Ба гузориши ин созмон шабонарӯзи гузашта 116 ҳазору 304 ҳолати нави сироятшавӣ ба ин беморӣ дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.

Мужчина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Омори хушҳолкунанда: бидуни фавт ва шифо ёфтани 1575 нафар аз коронавирус дар Тоҷикистон
Ҳамзамон аз ин маризӣ то ҳол 2 миллиону 579 ҳазору 691 кас шифо ёфта 362 ҳазору 24 нафар фавтидаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 768 461 нафар), Бразилия (438 812), Русия (379 051), Испания (284 986), Британияи Кабир (269 127), Италия (231 732), Фаронса (186 238), Олмон (182 452), Ҳиндустон (165 386) ва Туркия (160 979) дохил мешаванд.

Шифо ёфтани 60 нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон

Аз ҳама бештар беморон дар Амрико (498 725 нафар), Испания (196 958), Бразилия (193 181), Олмон(163 200), Русия (150 993), Италия (150 604), Туркия (124 369), Эрон (112 988), Чин (78 291) ва Ҳиндустон (70 920) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Амрико (103 330), Британияи Кабир (37 837), Италия (33 142), Фаронса (28 662), Испания (27 119), Бразилия (26 764), Белгия (9 388), Мексика (9 044), Олмон (8 570) ва Эрон (7 627) шомил мебошанд.

Дар Тоҷикистон аз бурузи маризии коронавирус ба таври расмӣ 30 - юми апрел хабар доданд. То ҳол бар асари ин маризӣ дар кишвар 47 нафар ҷон бохтанд.

Лентаи хабарҳо
0