21:47 05 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
626 0 0

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ҳамаи давлатҳо тавсия додааст, ки истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумиро барои ҳамаи шаҳрвандонашон иҷборӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар дастуруламали тозаи худ аз давлатҳо хост истифода аз ниқоби тиббиро дар муҳитҳои умумӣ иҷборӣ кунанд.

Ин созмон, ки пештар эълом карда буд шавоҳиди кофӣ вуҷуд надорад, ки нишон диҳад афроди солим ҳам бояд ниқоби тиббӣ бизананд, акнун эълом карда истифода аз ниқоби тиббӣ яке аз роҳҳои муассир дар пешгирӣ аз шуйюи коронавирус аст.

Дар тавсияномаҳои пешини Созмони ҷаҳонии беҳдошт, фақат беморони мубтало ба COVID-19 ва ҳамшираҳои шафқат  ва наздикони онҳо ба истифода аз ниқоби тиббӣ тавсия шуда буданд.

Акнун ин Созмон тавсия кардааст давлатҳо дар манотиқе, ки дучори шуйюи густурдаи вируси корона ҳастанд, истифода аз ниқобҳои ҳифозатиро дар васоили ҳамлу нақли умумӣ, мағозаҳо ва маконҳои дигаре, ки риояти фосилаи иҷтимоӣ душвор аст, иҷборӣ кунанд.

Ёдрас мешавм, ки ахиран Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то 6 июни соли равон дар мамлакат 1265 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Бар тибқи маълумоте, ки Sputnik Тоҷикистон аз котиботи вазорат дастрас намуд, то соати 20:00 дақиқаи 6 июн дар кишвар 4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.

Зимнан, манбаъ таъкид мекунад, ки давоми шабонарӯзи ахир ҳолати фавт аз ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт нашудаст.

Барчаспҳо:
истифода, тавсия, ниқоби сиёҳ, вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Мавзӯъҳои асосӣ