22:58 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 1 965 912 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 111 394 кас вафот карда, 738 729 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд.

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 130 529 нафар зиёд шуда, ба 6 852 818 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 352 ҳазору 66 кас шифо ёфтаанд ва 398 ҳазору 282 тан вафот кардаанд. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориш додааст.

Гуфта мешавад, шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 1 965 912 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 111 394 кас вафот  карда, 738 729 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд. Дар ҷои дуюм Бразилия қарор дорад, ки дар он 646 006 нафар сиротя ёфта, 35 047 нафар вафот кардаанд ва 302 084 нафар табобат шудаанд.

Русия аз рӯи шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷои сеюм буда, аз 449 834 нафар гирифторон 5 528 нафар вафот карданд ва 212 ҳазору 680 нафар шифо ёфтаанд.

Испания бо 288 ҳазору 58 бемор дар ҷои чорум буда, дар он 27 ҳазору 134 фавтидаанд ва беш аз 150 000 сиҳат шудаанд. Дар Британия 283 ҳазору 311 нафар гирифтори ин беморӣ шудаад. Аз рӯи теъдоди ҳолатҳои фавт Британия дар ҷои дуюм қарор дорад – 40 261 нафар.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Ҳиндустон ба 236 ҳазору 954 нафар, фавтидагон ба 6 ҳазору 649 кас ва шифоёфтагон ба 114 ҳазору 73 нафар расид.

Дар Италия 234 ҳазору 531 нафар аз бемории мазкур сироят ёфта, 33 774 каси онҳо вафот кардаанд ва 163 781 нафар бар он пирӯз шудаанд. Дар Перу аллакай 187 400 нафар бемор шуда, 5 162 кас вафот кардаанд ва 79 214 нафар шифо ёфтаанд.

Дар Олмон 185 414      ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, аз онҳо 8 763 фавтидаанд ва 168 500 бемор сиҳат шудаанд.

Дар ҷойи даҳум Туркия қарор дошта, дар он 168 340 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, 4 648 кас вафот кардаанд ва 133 400 бемор шифо ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд. 11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд. 11 марти соли 2020 СУТ эълом кард, ки ин беморӣ пандемия гардид.

Ду донишҷӯи тоҷик мубталои коронавирус шуда, ба бемористон бистарӣ шуданд

Тоҷикистон нахуст аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дод. Феълан ин шумора 4453 нафар расидааст. Ҳолати фавт 48 нафар ва шифоёбӣ 2583 кас гуфта мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ