05:36 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
399 0 0

Ҳамсари раисҷумҳури Украина Елена Зеленская мубтало ба вируси корона шудааст. Озмоиш (тест)-ҳои гирифта аз Владимир Зеленский ва фарзандони ӯ манфӣ баромад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Елена Зеленская, ҳамсари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мубтало ба вируси корона шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти Украина.

Таъкид шудааст, ки ҳамсари раисҷумҳур ҳоло табобат мегирад ва зери назорати пизишкон аст. Инчунин, аз Владимир Зеленский ва фарзандони ӯ тестҳо барои коронавирус гирифта шуд. Тестҳо натиҷаҳои манфӣ нишон доданд.

“Тести ҳамсари раисҷумҳури Украина Елена Зеленская барои вируси корона натиҷаи мусбӣ дод. Дар ҳамин ҳол, ҳамсари раисҷумҳур худро хуб ҳис мекунад ва ҳеҷ нишонае маризӣ надорад”, - гуфта шудааст дар иттилои дафтари матбуоти президенти Украина.

Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки ҳангоми дидорҳои корӣ ва ғайри корӣ хонум Зеленская ба риояи чораҳои беҳдоштӣ, ки аз сӯи вазорати тандурустии ин кишвар пешниҳод шуда буд, сахт аҳамият медодааст.  Елена ҳамеша аз озмоиш мешузаштааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш роҳбари Украина эълон дошта буд, ки мехоҳад ба вируси корона мубтало шавад, то худаш нишон диҳад, ки мубориза бо ин беморӣ чандон даҳшатнок нест.      

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар тамоми ҷаҳон аз 7 миллиону 270 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Барчаспҳо:
вирус, фарзанд, ҳамсар, Раисҷумҳур, Украина

Мавзӯъҳои асосӣ