03:10 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (800)
129 0 0

Дар Афғонистон давоми як шабонарӯз 556 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik. Вазорати беҳдошти Афғонистон аз 556 мавориди нави мубталошавӣ ба вируси COVID - 19 хабар медиҳад. Бо илова шудани теъдоди ҷадиди сироятёфтагон, шумораи умумии дардмандони коронавирус дар ин кишвар ба 24 102 нафар баробар шудааст.

Бар хабари Tolo News, шабонарӯзи ахир дасти кам 5 маризи коронавирус ҷони худро аз даст доданд.

Коронавирус низомиёни Олмонро аз хоки Афғонистон берун кашид

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Афғонистон ҷамъан 451 бемори вируси COVID - 19 - ро аз даст дод. Бар замми ин, 4201 нафар пурра аз ин беморӣ шифо ёфта, аз дармонгоҳо мураххас шуданд.

 

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт маризии сироятии коронавирусро пандемия эълон кард.

То ҳол, бар ҳисоби ин созмон дар ҷаҳон 7,4 миллион нафар мубталои коронавирус шуда, дар умум 418 ҳазор мариз ҷон бохтанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (800)
Барчаспҳо:
маризон, омор, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ