17:53 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Дар ҷаласаие, ки дар доираи СААД баргузор шуд, иштирокдорон аз ҳамкории кишваҳои аъзо дар роҳи мубориза бо коронавирус гуфтанд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, ки феълан раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро низ бар ӯҳда дорад, дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, хабар медиҳад котиботи Маҷлиси намояндагон.

Дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа нахуст рӯзномаи корӣ, аз ҷумла "Дар бораи афзалиятҳои Русия дар давраи раисӣ",  "Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи ноябрии (2019) Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, вазъ дар соҳаи масъулияти Созмон, чораҳо оид ба муқовимати таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи СААД қабулшуда", "Дар бораи тасдиқи раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ" ва ғайраҳоро баррасӣ карданд.

 Маҳмадтоир Зокирзода иброз намудаст, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои узвро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи Парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

 

Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи фосилавии Шӯро иштирокчиёни чорабинӣ инчунин таҷрибаи парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД-ро дар самти дастгирии қонунии тадбирҳои андешидашуда, дар мавриди паҳншавии COVID-19 ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар шароити нав муҳокима намуданд.

 

Таъкид менамоем, ки Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолияти Созмони мазкурро ба роҳ монда, ба ин ниҳод роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд. Дар айни замон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро бар ӯҳда дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ