22:06 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
2245 0 0

Чин барои мубориза бо вируси ҷадид, ки аз COVID - 19 хатарноктар аст омодагӣ мебинад. Вирусологҳои Чин мегӯянд, бурузи вируси ҷадид метавонад садди роҳи кашфи ваксин алайҳи маризии коронавирус шавад

ДУШАНБЕ, 16  июн — Sputnik.  Профессор аз Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Донишгоҳи Вуҳан Ян Чжансю гуфт, ки дар бозори "Синфад" - и Пекин кашф шудани SARS-CoV-2 метавонад нисбат ба вируси феълӣ хатарноктар бошад.

Чжансю дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Хуансю шибао" бурузи ҳар ду вирус дар Вуҳан ва Пекинро муқоиса намуда, изҳор доштаст, ки сатҳи сироятшавӣ қариб баробар аст.

Таъсири коронавирус ба ҳамкориҳои  Маскав, Вашингтон ва Пекин

Вирусологи чинӣ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар Вуҳан бурузи вирус ба фасли зимистон рост омад.

"Аммо ҳоло гармии ҳаво  ба паҳншавии барзиёди он мусоидат намекунад. Гузашта аз ин, таҷрибаие, ки алъон Чин дар қиболи мубориза алайҳи коронавирус пайдо намудааст, метавонад садди роҳи паҳншавии он гардид", - афзудааст Чжансю.

Аммо вирусолог бар ин назар аст, ки бурузи вируси нав ба истеҳсол кардани ваксин алайҳи маризии коронавирус метавонанд халал ворид созад ва кори мутахассисонро душвор кунад.

Бозори яклухтфурӯшии "Синфади" дар манотиқи Фенгтай рӯзи шанбе баста шуд. Дари бозооро пас аз он бастанд, ки таҳқиқоти эпидемиологӣ дар тахтаи бурида барои моҳии "лосос" вируси навро ошкор сохт.

Путин: Русия аз пандемия бо сарбаландӣ ва камтарин талафот мебарояд

Намояндагони ҳукумати Пекин гуфтанд, ки рӯзи якшанбе дар шаҳр 76,499 нафар барои коронавирус санҷида шуданд, ки ташхиси 59 нафар мусбат баромад.

Дар маҷмӯъ, айни замон дар беморхонаҳои шаҳр 79 нафар таҳти муолиҷаи табибон қарор доранд. Пизишкон аҳволи се маризро бисёр вазнин арзёбӣ мекунанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
вирус, Пекин

Мавзӯъҳои асосӣ