22:04 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
236 0 0

Қаблан ташхиси ҳамсари кишвардори Украина Владимир Зеленский аз маризии коронавирус мусбат баромада буд

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Елена Зеленский ҳамсари кишвардори Украина Владимир Зеленскийро фавран ба бемористон интиқол доданд, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.

Бар гузориши расонаҳои Украина, Елена Зеленскийро бо илтиҳоби шадиди ҳар ду тарафи шуш ба беморхона интиқол доданд.

Зеленский акси муштаракаш бо Доналд Трампро мунташир намуд

Қаблан ташхиси ӯ аз маризии коронавирус мусбат баромад. Аммо ташхиси худи Зеленский ва фарзандони ӯ манфӣ баромад ва онҳо то ҳол олудаи ин беморӣ нагардиданд.

Зикр мегардад, ки феълан ҳамсари президенти Украина таҳти назорати пизишкон қарор дорад. 

"Зарурати пайваст кардани Елена Зеленский ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ феълан мавҷуд нест", - таъкид мешавад дар хабари расонаҳо.
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
интиқол, бемористон, Украина, президент, ҳамсар

Мавзӯъҳои асосӣ