Амрико ҳукми қатлро аз сар гирифт: санаи эъдоми 4 маҳкумшуда дақиқ шуд

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкФлаг США, Архивное фото
Флаг США, Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амрико пас аз 17 соли танаффус дигарбора ҳукми қатл дар кишварро ҷоннок намуд. Аллакай сар аз мобайнҳои моҳи оянда ҳукми эъдом амалӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Амрико санаи эъдом шудани 4 нафар қотилро дақиқ намуд, хабар медиҳад Газета. ру.

Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми қатл: Прокурори генералии Тоҷикистон аз фикраш намегардад

Бар хабари манбаъ, ҳар 4 нафар дар қатли ноболиғон муттаҳам дониста мешаванд. Ду нафари онҳо ҳатто дар куштор ва таҷовузи кудакон гумонбар дониста мешавад.

Манбаъ меафзояд, се ҷинояткор аз 13 то 17 июл ва як нафари дигар рӯзи 28 август қатл карда мешаванд.

Қарори ба қатл маҳкум кардани муттаҳамонро аллакай Прокурори генералӣ Уилям Барр ба тасвиб расонд.

"Чор қотиле, ки мӯҳлати ҷазои онҳо имрӯз муқаррар карда шуд, аз мурофиаи пурраи судӣ мутобиқи сарқонун ва қонунҳои Амрико гузаштанд", - таъкид намудаст Барр.

Парвиз Мушарраф ба ҳукми қатл маҳкум шуд

Тибқи гуфтаҳои Прокурори генералии Амрико мақомот маҷбуранд, ки ҳукмро барои қурбониёни ҷиноятҳои даҳшатбор ва оилаҳои онҳо иҷро кунанд. Ҳукми қатл чор ҷинояткор - қотилони кӯдаконро  интизораст, ки  дар миёни онҳо ду нафар дар таҷовузи ноболиғон гунаҳгор дониста шуданд.

Мақомоти федералии Амрико охирин ҳукми қатлро дар соли 2003 иҷро карданд. Аз он вақт инҷониб, мораторияи ғайрирасмӣ амал мекард.

Моҳи августи соли 2019 президенти Амрико Доналд Трамп пас аз қатли оммавӣ дар шаҳрҳои Дейтон ва Эл Пасо даъват кард, ки ҷазои қатл баргардонида шавад.

Ба гуфти раҳбари Амрико, "халқи мо бояд якдилона нажодпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ ва мафкураи бартарияти сафедро маҳкум кунад. Ин идеологияҳои ғаразнок бояд мағлуб шаванд. Бадбинӣ дар Амрико ҷой надорад".

Лентаи хабарҳо
0