Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Брежнева "ҳамсари Зеленский": иштибоҳи ҷиддии рӯзномаи машҳури туркӣ

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПевица Вера Брежнева. Архивное фото
Певица Вера Брежнева. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзномаи маъруфи туркӣ Hurriyet ҳунарманд ва сарояндаи машҳури Русия Вера Брежневаро иштибоҳан ҳамсари кишвардори Украина Владимир Зеленский хондааст

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Рӯзномаи машҳури туркӣ Hurriyet матолибе дар мавриди мубталошавии ҳамсари Зеленский ба маризии коронавирус чоп намуд.

Аммо иштибоҳан ба ҳайси ҳамсари президент акси ҳунарманд ва сарояндаи маъруфи Русия Вера Брежневаро мунташир намуд.

​Дар сайти расмии рӯзнома ин мавод рӯзи 17 - уми июн нашр шуд, вале баъдан бо дарки иштибоҳ, акси матолиб иваз шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамсари раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский мубталои маризии коронавирус шудааст.

Ҳамсари Зеленскийро фавран ба бемористон интиқол доданд

Чанд рӯз қабл расонаҳои ин кишвар хабар доданд, ки Елена Зеленский фавран ба бемористон интиқол ёфтааст ва таҳти назорати табибон қарор дорад.

Зимнан, худи президент ва фарзандони онҳо мубталои ин беморӣ нагардиданд.

Лентаи хабарҳо
0