03:12 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2018 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои нахустин бор утоқи махфияшро, ки то ҳол ягон намояндаи ВАО вориди он нашуда буд, нишон дод

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Навори утоқи махфии Путинро рӯзноманигори шабакаи "Россия 1",  Павел Зарубин дар сафҳаи худ дар Инстаграм нашр кард.

Зарубин чанде пеш бо кишвардори Русия мусоҳибаи навбатии махсус омода намуд, ки дар он посухи Путин дар мавриди пешбарӣ намудани номзадии худ ба мақоми раёсатҷумҳурӣ гуфта шуд.

Аммо Зарубин ҷавоби Владимир Путинро дар сафҳаи худ нагузоштаст ва зикр намудаст, ки дар ояндаи наздик пас аз пахши барнома ин асрор ифшо мешавад.

Путин ваъда дод, ки ҳамаро бо силоҳи нав шигифтзада мекунад

Президенти Русия Владимир Путин ба канали телевизиони "Россия 1" утоқи махфиро дар дафтари худ нишон дод.

Дафтари сарвари давлат дар бинои аввалини Кремл ҷойгир аст. Путин ҳангоми мусоҳиба тими шабакаи "Россия 1" - ро ба утоқи махфии худ даъват намуд.

Бояд зикр намуд, ки то ҳол ин утоқро ягон намояндаи ВАО надида буд.

Барчаспҳо:
навор, утоқ, Владимир Путин

Мавзӯъҳои асосӣ