01:09 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
963 0 0

Коршиносони Маркази миллии тадқиқотии ба номи Гамалеи Русия мегӯянд, ваксине, ки олимони кишвар омода доранд, бояд муддати тӯлонӣ баданро аз коронавирус ҳимоя кунад

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Таъсири ваксини зиддикоронавирусии Русия ба ду сол мерасад, хабар медиҳанд расонаҳои Русия дар истинод ба маркази тадқиқотиву илмӣ.

Мудири Маркази миллии тадқиқотиву эпидемиологии ва микробиологии ба номи Гамалей, Александр Гинтсбург таъсири ин ваксинро, ки омода асту озмоиш мешавад, тавзеҳ додааст.

Бояд қайд кард, ки маҳз дар ин марказ якҷо бо ташкилотҳои тиббии Вазорати мудофиаи Русия тадқиқоти клиникии ваксини зидди COVID-19 идома дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, мавод "зарф"-ҳои оденавирусиро барои таҳвили генҳо истифода мекунад, ки сафедаи "корона"-ро дар вирус масдуд менамояд.

"Онро ду маротиба мегузаронанд. Ҳамон як ген ба ҳомилҳои гуногун гузаронида мешавад - ин имконият медиҳад, ки иммунаи муҳофизатии зиддикоронавирусӣ ҳосил шавад, ки мӯҳлати дароз таъсираш гум нагардад", - мегӯяд олими рус.

Гинтсбург мегӯяд, таъсири ваксин то ду сол дар бадани инсон фаъол мемонад.

Вазорати тандурустӣ ҷузъиёти ваксинаҳои санҷиширо бар зидди коронавирус гуфт

Ёдрас мешавем, озмоиши ваксини зидикоронавирус дар Русия дар бадани 18 ихтиёрӣ дар аввалҳои моҳи июн шурӯъ шуд ва бояд он охири моҳи оянда ба анҷом расад. 

 

Мавзӯъҳои асосӣ