22:17 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
203 0 0

Тибқи омори нави Созмони ҷаҳонии беҳдошт, давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 179 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ба ҳолати 26 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9,7 миллион шуда, зиёда аз 491 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 5,2 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, иттилоъ додааст Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Тибқи маълумоти нави СҶБ, давоми шабонарӯзи гузашта 179 718 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 179 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 миллиону 714 ҳазуору 860 нафар ва теъдоди фавтидагон 491 ҳазор 856 нафар мебошад.

То имрӯз дар ҷаҳон 5 миллиону 250 ҳазору 87 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико (2 504 588 нафар), Бразилия (1 233 147), Россия (613 994), Ҳиндустон (491 170), Бритониё (307 980), Испания (294 566), Перу (268 602), Чили (259 064), Италия (239 706) ва Эрон (215 096) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СҶБ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар беш аз 210 давлат ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
Созмони ҷаҳонии беҳдошт, миллион, вирус, омор, СҶБ

Мавзӯъҳои асосӣ