04:32 04 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (680)
762 0 0

Пекин ҳоло бо мавҷи дуюми маризии коронавирус дар набард аст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, то авохири моҳи июл бар ин бемории даҳшатбор ғолиб меоянд

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти Пекин тактикаи мубориза алайҳи коронавирусро дигаргун намуданд. Онҳо на аз рӯи сенарияе, ки дар Вуҳан роҳандозӣ гардида буд амал мекунанд, балки бо усули дигар кӯшиши бар ин маризӣ ғолиб омаданро доранд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, нахустин коре, ки мақомоти ин шаҳр анҷом доданд, дари бозори "Синфади" - ро маҳкам карда, ҳамаи фурӯшандаҳо ва муштариёни онҳоро қарантин намуданд.

Дар пайдо намудани харидорони ин бозор ба мақомот ширкатҳои Alipay ва Wechat кумак расонданд. Онҳо феҳрасти муштариёнашонро, ки аз ин бозор харидорӣ намуда буданд, ба мақомот таслим карданд.

Пекин ин навбат ба мисли Вуҳан шаҳрро тамоман набаст. Корхонаҳои саноатӣ ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Танҳо макотиб, толорҳои варзишӣ, театру кино баста буда, баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҳузури 1000 нафар қатъият манъ карда шуд.

Авҷи коронавирус дар бозорҳои Пекин: ҳукумат вазъи низомӣ пиёда кард

Шаҳрвандони Пекин аз мавҷи дуюми маризии коронавирус онқадар нигарон нестанд, зеро барои онҳо пӯшидани ниқобу дастпӯш ва санҷидани ҳарорати бадан ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст.

Феълан дар Пекин 280 нафар мубталои коронавирус буда, 22 нафари дигар бидуни аломат ба ин беморӣ гирифтор мебошанд. 

Зимнан, сар аз 11 то 23 - юми июн дар Пекин ҳудуди 3 миллион нафар аз ташхис гузаронида шуда, барои анҷом додани ин кор беш аз 7 000 кормандони соҳат тиб ҷалб карда шуданд.

Эпидемиологи пешбари Маркази назорати бемориҳо У Сзуню изҳор доштаст, ки вазъи эпидемиологӣ дар Пекин, ба туфайли чораҳои андешидашуда, аллакай дар маҷмӯъ таҳти назорат гирифта шудааст.

Ӯ таъкид намудаст, ки зарурати озмоиши тамоми аҳолии Пекин бо зиёда аз 21 миллион аҳолӣ ба хотири авҷ гирифтани вируси COVID-19 дар бозор тамоман шарт нест.
Коршиносон интизор доранд, ки сатҳи дуввуми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва чораҳои маҳдудкунанда дар шаҳр ҳадди аққал аз ду то чор ҳафта боқӣ хоҳанд монд ва авоихири моҳи июл шумораи сироятшудагон ба сифр баробар хоҳад шуд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (680)
Барчаспҳо:
маризӣ, Пекин

Мавзӯъҳои асосӣ