15:00 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)
1012 0 0

Дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо, Рамазан Рабаданов дар шарҳи фавти падар ва мурабии Қаҳрамони UFC дар вазни сабук гуфт, ки "хостем ҳатто ба раисҷумҳур низ муроҷиат кунем, аммо аллакай дер шуд"

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба изҳори Рамазон Рабаданов, шореҳи варзишӣ ва дӯсти қарини хонаводаи Нурмуҳаммедовҳо, Абдулманап ба сактаи қалбӣ ва мағзи сар гирифтор шуда буд.

"Сактаи қалбиро пизишкон тавонистанд барқарор кунанд, вале сактаи мағзи сарашро муолиҷа карда натавонистанд. Мутаасифона ӯ аз ҳолати беҳушӣ (ком) набаромада, ҷон дод", - бо таассуф афзудааст Рабаданов дар сӯҳбат бо мухбири расонаи "Чемпион".

Ӯ аҳволи Абдулманапро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Рабаданов ҳатто пешниҳод шуд, ки барои муолиҷаи мураббии варзида ба худи раисҷумҳур муроҷиат намоем, "аммо аллакай бисёр дер шуда буд", - таъкид намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки падари Ҳабиб Нурмуҳаммедов қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабукро санаи 25 - уми апрел бо нишонаҳои маризии коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои Доғистон бистарӣ намуданд.

Маълум шуд, ки Ҳабиб барои як баромади оммавияш чанд пул мегирад

Зимнан, бо бад шудани вазъи саломатӣ, Абдулманапро рӯзи 3 - юми май ба шаҳри Маскав интиқол доданд. 

Он замон Рамазон Рабаданов гуфта буд, ки ҳудуди 75 дарсади шушҳои Абдулманап аз коронавирус сироят шудаанд.

Имрӯз, 3 - юми июл бо гузашти беш аз 2 моҳи маризӣ, Абдулманап Нурмуҳаммедов дар синни 58 солагӣ ҷаҳонро падруд гуфт.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (688)

Мавзӯъҳои асосӣ