14:36 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2791 0 0

Варзишкори машҳури ирландӣ, размикори муҳорибаҳои омехта Конор Макгрегор рақобатро бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов канор гузошта рафтори инсонӣ нишон дод

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik.  Варзишкори машҳури ирландӣ, Конор Макгрегор, ки ахиран аз аз хотимаи фаъолияти варзишӣ эълон кард, вобаста ба марги падари рақиби деринааш Ҳабиб, Абдулманап Нурмуҳаммедов изҳорӣ ҳамдардӣ баён кард.

Вай изҳори ҳамдардиашро дар як паёми твитерӣ баён кардааст.

“Барои аз даст додани падар, мураббӣ ва мухлиси вафодори варзиш изҳорӣ ҳамдардӣ мекунам. Худо раҳматаш кунад”, - таъкид кардааст Конор Макгрегор.

​Ёдовар мешаве, мураббии шинохтаи рус Абдулманап Нурмуҳаммадов дар синни 58-солагӣ пас аз бемории тӯлонӣ дар беморхона даргузашт.

Падари размикори доғистонӣ тӯли чанд моҳ бо коронавирус мубориза мебурд.

Рамазон Рабаданов яке аз дӯстони хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо пас аз фавти мураббии шинохта гуфт, ки "табибон сактаи қалбашро беҳбуд бахшиданд, аммо сактаи мағзи сарро шифо бахшидан натавонистанд. Абдулманап ба ҳуш наомада санаи 3 июл ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадов 10 декабри соли 1962 дар Ҷумҳурии автономии Советии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо гӯштини тарзи озод машғул буд ва дар артиш ба тамрини ҷуо ва самбо сар кардааст.

Марҳум дорандаи унвони Устоди варзиш аз намуди  гӯштини озод мебошад.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволаш ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Марҳум ҳам сактаи қалб ва ҳам мағзи сар шуд.

Моҳи сентябри соли 2019 Абдулманап Нурмуҳаммадов барои тарбияи шумораи зиёдтарини чемпионҳои самбои муҳорибавӣ ба Китоби рекордҳои Русия дохил карда шуд.

Конор Макгрегор дар UFC нахустин варзишкоре шуд, ки якбора дар ду вазн - сабук ва миёнаи сабук қаҳрамон шуд.

Пас аз чанде Конор Макгрегор миёнбанди қаҳрамониаш дар вазни миёнаи сабукро аз даст дод ва 6 октябри соли 2018 дар муҳориба бо Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз унвони қаҳрамонии худ дар вазни сабук маҳрум шуд.

Дар давоми фаъолияти варзишӣ Макгрегор 26 бор ба ринг баромада, 22 маротиба пирӯз шудааст ва чор бор мағлуб гардидааст.

Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, изҳори таслият, рақиб, Ҳабиб, Макгрегор

Мавзӯъҳои асосӣ