16:21 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Олимони Суғд китоберо ба нашр расонидаанд, ки он дар бораи саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳад

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. "Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ" китоби тозанашри олимон Ваҳҳоб Набиев, Аюбҷон Усмонов ва Зафарҷон Қобилов аст, ки дар бораи далерию ғайрат ва корномаҳои халқи тоҷик дар Ҷанг бар зидди фашизм таъкид мекунад.

Дар Тоҷикистон чанд куҳансарбоз Рӯзи Ғалабаро таҷлил мекунанд

Муаллифон ин китоби ҷадид, бо факту арқоми мувассақ навиштаанд, ки дар арафаи ҷанг дар Тоҷикистон 1 миллиону 300 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекард ва аз ин шумор беш аз 300 ҳазор ба ҷанг фиристода шуда, ҳудуди 100 ҳазор дар миёни дуду ошташи ҷанг ҳалок шудаанд.

Зери борон: гузашти низомӣ дар майдони Сурхи Маскав - 24 июни соли 1945

Китоби Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ
Sputnik
Китоби "Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ"
"Дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷикистонӣ ҳамчун снайперчӣ, разведкачӣ, тирандоз, ҳамшираи шафқат ва лётчик ҷангида, аз худ шуҷоату қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Аз миёни онҳо 54 нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва 15 ҷанговар ба гирифтани се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардиданд. Дар маҷмӯъ аз фиристодагони халқи тоҷик дар набардҳои солҳои 1941 -1945 зиёда аз 56 ҳазор ҷанговар бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд”, нигоштаанд муаллифон.

Китоби “Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги Ватанӣ”, аз 244 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 200 нусха дар нашриёти “Меъроҷ” и шаҳри Хуҷанд ба нашр расидааст.

Барчаспҳо:
саҳми бузург, фашизм, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ