12:36 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
598 0 0

Як номаи кушодаро гурӯҳе иборат аз 83 нафар таҳия кардаанд. Дар байни онҳо актёр Стивен Сигал, сенариянавис Ричард Кертис, сармоягузор Ҷон О'Фарелл ва вориси Уолт Дисней Эбигейл Дисней қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Зиёда аз 80 миллионер аз Иёлоти Муттаҳида ва шаш кишвари дигар аз мақомоти давлатҳои худ даъват карданд, ки андозҳои шахсони сарватмандро бештар кунанд, то иқтисодиётро дар шароити пандемия аз коронавирус барқарор кунанд, менависад Bloomberg.

Бахти баланд: мард барои ҳамсари бемораш лотерея харид ва миллионер шуд

Гурӯҳи 83 нафар мактуби кушодро унвонии якчанд ҳукуматҳо таҳия карданд. Дар он қайд мешавад, ки одамони сарватманд метавонанд дар "шифои ҷаҳони мо" нақши ҳалкунанда дошта бошанд.

"Мо беморонро дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ нигоҳубин намекунем, мошини ёрии таъҷилиро намеронем, то беморонро ба беморхонаҳо интиқол диҳем, рафҳои мағозаҳои хӯроквориро пур намекунем, хӯрокро барои нафарони ниёзманд хона ба хона тақсим намекунем, аммо мо пул дорем, пули бисёр",  - изҳор доштанд муалифони мактуб.

Дар нома гуфта мешавад, оқибатҳои бӯҳроне, ки аз пандемия ба вуҷуд омадааст, тӯли даҳсолаҳо эҳсос хоҳад шуд, аз ин рӯ, ним миллиард одамон метавонанд ба сафи камбизоатон ҳамроҳ шаванд. Гузашта аз ин, садҳо миллион одамон ба далели баста шудани корхонаҳо, ҷойи корашонро аз даст медиҳанд.

"Баръакси миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон, мо аз талафоти эҳтимолии кор, хона ё қобилияти таъмини оилаи худ дар ташвиш нестем. Мо дар сафи пеши муборизон алайҳи ин маризӣ қарор надорем. Имконияти қурбон шудани мо ҳам аз ин маризӣ ночиз аст. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунем, ки андози моро афзунтар кунед. Ин ягона интихоби дуруст аст. Инсоният аз пул муҳимтар аст", - гуфта мешавад дар идомаи нома.

Миёни нафароне, ки зери ин нома имзо гузоштанд, ҳунарманд Стивен Сигал, сенариянавис Ричард Кертис, сармоягузор Ҷон О'Фарелл ва вориси Уолт Дисней Эбигейл Дисней мебошанд.

Барчаспҳо:
андоз, мардум, кумак, миллионер, нома

Мавзӯъҳои асосӣ