01:43 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
105510

Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори доғистонӣ ва Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, бори нахуст пас аз даргузашти падараш дар сафҳаи худ ояте аз Қуръони Карим оварду бузургии падарашро васф кард

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз 20 рӯзи даргузашти падари худ дар сафҳаи Инстаграмаш акси муштаракашонро, ки дар майдони муҳориба гирифта шудааст, нашр намуд. Дар ин акс, Абдулманап пас аз пирӯз шудани Ҳабиб бар рақибаш ӯро сахт оғуш кашидааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Quran 17:23-24. And your Lord has decreed that you not worship except Him, and to parents, good treatment. Whether one or both of them reach old age [while] with you, say not to them [so much as], "uff," and do not repel them but speak to them a noble word. And lower to them the wing of humility out of mercy and say, "My Lord, have mercy upon them as they brought me up [when I was] small." - ‎۞ وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا ‎وَاخْفِضْ لَهُمَا جَنَاحَ الذُّلِّ مِنَ الرَّحْمَةِ وَقُل رَّبِّ ارْحَمْهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرًا Сура «аль-Исра’» 23-24 аяты. Всевышний говорит: Твой Господь предписал вам не поклоняться никому, кроме Него, и делать добро родителям. Если один из родителей или оба достигнут старости, то не говори им: «Тьфу!». - не кричи на них и обращайся к ним почтительно. Склони пред ними крыло смирения по милосердию своему и говори: «Господи! Помилуй их, ведь они растили меня ребенком». Тебя будет не хватать Отец, ты был Отцом, другом, братом и тренером в одном лице. Ты научил меня практически всему что я умею, надеюсь ты был доволен мною. Ведь в довольстве родителей довольство Аллаха.

Публикация от Khabib Nurmagomedov (@khabib_nurmagomedov)

Қаҳрамони UFC зери ин акс оятеро аз Қуръони Маҷид коштааст. Дар оят Худованди Бузург фармудааст, ки иззату ҳурмати волидайнро ба ҷо оред. Ва агар яке аз волидон ва ё ҳар ду ба камоли пирӣ бирасанд, сӯяшон "Туф" накунед, ба онҳо овоз баланд накунед ва эҳтиромона муносибат намоед.

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Худованд дар ин оят аз бандагонаш талаб намудааст, ки чун волидон пир шуданд, бояд пеши Парвардигор аз барои онҳо саҷда ба ҷо овард ва дуо намуду гуфт: "Худовандо ба онҳо раҳм кун, чун мани кӯдакро ба воя расонданд!".

Зимнан, Ҳабиб изҳори умедварӣ намудааст, ки падари марҳумаш аз ӯ ризо аст.

"Қаноатмандии волидон ин ризояти Худованд аз банда аст", - навиштааст Ҳабиб.

Гузашта аз ин размикори доғистонӣ илова намудаст, ки "падараш ба ӯ сахт намерасад".

"Шумо падар, дӯст, бародар ва мураббии ман будед. Ҳама чизро ба ман ёд додед, ҳар чизе, ки имрӯз дарёфтам, талошу заҳмати Шумо буд. Ман умедворам, Шумо аз ман розӣ ҳастед", - навиштааст Ҳабиб.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов падар ва мураббии Ҳабиб дар синни 58 - солагӣ бар асари гирифтор шудан ба маризии коронавирус, бо гузашти ду моҳи маризӣ дар яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав вафот кард.

Абдулманапро дар зодгоҳаш дар Доғистон ба хок супурданд.

Барчаспҳо:
падар, оят, Қуръони Карим, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Мавзӯъҳои асосӣ