10:02 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.21
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (702)
2316 0 0

Ба изҳори ваксинологҳо, ба фарқ аз маризии сурхча ва гепатит, ки инсон алайҳи онҳо масуният пайдо мекунад, бо коронавирус ин ҳолат сурат намегирад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Антитела ягона воситаи дахлнопазири масунияти одам нест, ки инсонро аз сирояти коронавирус муҳофизат кунад, менависад Forbest.

Ба изҳори ваксинологи мактаби тиббии Маунт-Синайи Амрико Флориана Краммера,ба фарқ аз маризии сурхча ва гепатит, ки инсон алайҳи онҳо масуният пайдо мекунад, бо коронавирус ин ҳолат сурат намегирад.

"Инсон метавонад бо коҳиш ёфтани масунияташ борҳо мубталои ин беморӣ гардад, ", - меафзояд Краммера.

Омӯзиши масунияти бадастоварда алайҳи COVID-19 асосан дар бораи антитела,  ки пас аз беморӣ дар хун пайдо мешаванд, дахл дорад. Бо вуҷуди ин, таҷрибаҳои беш аз пеш нишон медиҳанд, ки сатҳи антитела дар бадани одамоне, ки ба ин маризӣ гирифтор шуда буданд, бо мурури замон рӯ ба коҳишёбӣ мениҳад.

Ба гуфтаи Краммер, мушкил дар он аст, ки муҳаққиқон то ҳол намедонанд, ки барои муҳофизат кардани шахс, чӣ қадар антитела лозим аст. Вай қайд кард, ки ин метавонад ҳангоми эҷоди ваксин мушкилӣ пеш орад.

Мураххас шудани ихтиёриён, ки ваксини алайҳи коронавирус дар онҳо озмоиш шуд - навор

Бо вуҷуди ин олимон собит намуданд, ки нест шудани антитела набояд инсонро ба таҳлука андозад, зеро масуният дигар функсияҳои ҳифозатиро касб мекунад.

"Масуният ду намуди ҳуҷайраҳоро истифода мебарад: Т-лимфоситҳо, ки қобилияти пайдо кардани ҳуҷайраҳои вирусро доранд ва В-лимфоситҳо, ки метавонанд ба тавлиди антитела мусоидат кунанд. Агар инсон дубора мубталои ин маризӣ шавад, беморӣ заифтар хоҳад шуд, чун ҳуҷайраҳои B ва T вирусро ба ёд меоранд ва ба зудӣ вокуниш нишон медиҳанд ", - шарҳ додааст Краммера.

Қайд шудааст, ки Т-ҳуҷайраҳо метавонанд бемориҳое, ки инсон тӯли солҳои зиёд аз сар гузаронидааст, ба ёд оранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (702)
Барчаспҳо:
сироят, маризӣ, олимон

Мавзӯъҳои асосӣ