00:09 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1184 0 0

Муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, ки тоза аз ҷониби Хадамоти амнияти федеролии Русия барои кӯшиши пиёда кардани амали террористӣ дар макони серодам боздошт гардид, бародараш ӯро таслим намудааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Хадамоти амнияти федеролии Русия навор аз макони боздошт намудани муҳоҷир аз Осиёи Марказиро нашр намуд.

В Москве предотвращен теракт. Кадры ФСБ после уничтожения террориста

Дар навор ҷавонмард рӯи замин хоб аст ва кормандони ФСБ борхалтаи ӯро мавриди тафтиш қарор доданд, ки дар дохили он ба ҷузъ аз либосҳои ӯ боз чанд норинҷаки дигар низ ҷой дода шудааст.

Зимнан, дар ин навор бародари боздоштшуда низ мавриди пурсиш қарор гирифтааст.

“Чор хизматчии ҳарбӣ”: тафсилоти нави парвандаи ҳамла ба “Ишқобод”

Ӯ иқрор шуд, ки пай бурдаст бародараш бо ҷангиёни Сурия дар алоқаи зич қарор дорад ва аз ин рӯ ба Хадамоти амнияти федеролӣ бевосита тамос гирифта, асли воқеаро нақл кардааст.

Бояд гуфт, ФСБ Русия аз нафари боздоштшуда, муҳоҷири яке аз кишваҳои Осиёи Марказӣ ном бурда, дақиқан таъкид накард, ки зодаи кадом давлат аст.

Барчаспҳо:
навор, таслим, бародар, террорист, ҷангиён, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ