12:31 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
224 0 0

Созмони ҷаҳонии Беҳдошт омори тозаи гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон коронавируси навъи COVID - 19 - ро нашр кард

 ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. То 28 июл дар ҷаҳон 16 650 148 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 656 621 нафари онҳо ҷон додаанд. Давоми шабонарӯзи гузашта 218 352 ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 4 202 нафар вафот кардаанд.

Минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ аз рӯи миқдори мубталоён дар ҷойи аввал буда, дар он 8 610 134 (+150 089 дар як шабонарӯз) сироят ёфтаанд. Шумораи ҳолатҳои фавт дар он 3 715  нафар зиёд шуда, ба 337 439 нафар расидааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Созмони беҳдошт.

Тибқи гузориши Созомони ҷаҳонии беҳдошт, дар Урупо 3 234 043 сироятёфта ва 210 518  фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар муддати 24 соат шумораи мубталоён 17 409 ва фавт — 257 ҳолат афзудааст.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҷойи сеюм қарор дошта, дар он ҷо шумораи мубталоён 1 786 145 ва қурбониён 40 615 мубошад. Давоми шабонарӯзи гузашта мубталоён 53 897 нафар зиёд шуда, 829 нафар фавтидаанд.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 4 433 410. Баъдан Бразилия (2 446 397), Ҳиндустон (1 484 136), Россия (818 120), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (452 529), Мексика (395 489), Перу (389 717), Чили (347 923), Испания (325 862) ва Британияи Кабир (300 111) ҷойгиранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, сироят, вируси нав, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ