12:45 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
39110

Ба далели кам будани шумораи мубталоёни ин маризӣ дар Чин озмоиши ваксин дар дохили кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Аз ин рӯ, ваксинаи сохти чинӣ дар Бразилия ва АМА мавриди озмоиш қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Чин аз марҳилаи анҷомёбии ваксинаи худ алайҳи маризии коронавирус хабар медиҳад. Ба гузориши Парс тудей, феълан озмоиши ин ваксин дар Бразилия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад.

Гуфта мешавад, дар худи Чин бинобар кам будани теъдоди маризони COVID - 19 озмоиши он ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Ҳукумати ин кишвар эълом намудааст, ки то тирамоҳи соли ҷорӣ ваксинаи чинӣ алайҳи маҳви маризии коронавирус мавриди истифода қарор мегирад.

Дар Русия озмоиши ваксина бар зидди коронавирусро оғоз карданд

Дар ҳоли ҳозир тибқи гуфтаи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 13 ваксина дар саросари ҷаҳон дар ҳоли сохт аст.

Ёдовар мешавем, Русия низ аз омода шудани нахустин ваксинаш алайҳи коронавирус хабар дода буд.

Ду гурӯҳ ихтиёриён, ки дар озмоиши ин ваксин иштирок мекарданд, ахиран пас аз анҷоми озмоиш аз дармонгоҳ ҷавоб шуданд.

Пизишкон мегӯяд, ҳамаи ихтиёриён аллакай алайҳи ин маризӣ масуният пайдо карданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
АМА, Бразилия, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ