14:20 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Дар маҷмӯъ, ҳукумати Афғонистон ният дорад 5 ҳазору 100 нафар ҷангҷӯи маҳбасшудаи груҳи террористии Толибонро раҳо кунад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Бино ба иттилои телевизиони маҳаллӣ Tolo News, ҳукумати Афғонистон 317 ҷангҷӯи ҷунбиши радикалии Толибонро (ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст) аз зиндонҳои вилояти Парвон озод кард.

Тибқи маълумоти Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, шумораи умумии “Толибон”-и озодшуда ба 4 917 нафар расидааст.

Қайд карда мешавад, ки ҳукумати Афғонистон ният дорад 5.1 ҳазор ҷангҷӯи “Толибон”-ро озод кунад.

Озодии “Толибон” аз ҷониби мақомоти Афғонистон дар доираи созишномае, ки байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон дар охири моҳи феврали соли равон ба имзо расидааст, сурат мегирад.

Созишнома хуруҷи нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон ва оғози муколамаи байни афғонҳо пас аз муомила дар бораи мубодилаи маҳбусон пешбинӣ мекунад.

Дар Афғонистон бархӯрди қувваҳои давлатӣ ва “Толибон”, ки қаблан дар қаламрави деҳоти калонеро забт кардаву ба шаҳрҳои калон ҳамла карданд, идома дорад.

Интиқомгирии афғондухтари ноболиғ аз Толибон: барои қатли падару модараш ду ҷангиро кушт

Инчунин дар Афғонистон, таъсири ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ, ки дар Русияву Тоҷикистон мамнӯъ аст) афзоиш ёфтааст. Нерӯҳои миллии дифоъ ва Амнияти Афғонистон дар саросари кишвар амалиёти муштараки зиддитеррористӣ анҷом медиҳанд.

Мавзӯъҳои асосӣ